Аслан, фазои холӣ (whitespace) тибқи таърифи соддатарини худ ин ҳамон фосилаест дар гирду атроф ва байни ҳамаи унсурҳои композитсия, ки холӣ гузошта шудааст. Ин на фақат исрофи фазои экран аст, чунон ки бисёре аз соҳибони вебсайтҳо фикр мекунанд. Ҳангоми дуруст истифода бурдан, фазои холӣ метавонад барои беҳтар тарғиб намудани маҳсулот манфиат орад. Ин як калиди муҳим барои эҷоди тарроҳии хуб аст ва он вебсайтро аз ҳама ҷиҳат беҳтар мегардонад.
Гарчанде ки номи whitespace далолат мекунад, ки фазо сафед аст, он на ҳамеша ҳатман бояд аслан сафед бошад. Фазои холӣ дар асл метавонад ҳар гуна ранг дошта бошад — он ҳатто метавонад нақш ё бофти нозук дошта бошад. Ин минтақаест, ки шумо намехоҳед диққати чашм ба он ҷалб шавад. Ба таври дигар онро фазои манфӣ (negative space)
Пас, чаро фазои холӣ муҳим аст?

Сабаби №1: Хонданиро осон мекунад
Фазои холӣ байни сатрҳо ва бандҳо дар ҳақиқат ба одамон кӯмак мекунад, ки тамоми мундариҷаи сайт бароҳат мутолиа шавад. Танзими ҷузъиёти хурди сайти шумо (ба мисли фосилаи байни сатрҳо ё фосилаи байни ҳарфҳо) метавонад фарқияти калонеро дар осон кардани хониш ба вуҷуд орад.
Ҳадаф ин аст, ки тавассути тарҳрезии тарҳбандиҳое, ки ба чашм сабуканд, одамонро водор созед, ки хонданро давом диҳанд.

Сабаби №2: Муносибат ва амалҳоро суръат мебахшад
Биёед ростқавл бошем: аксари меҳмонони шумо ҳангоми дидани вебсайтҳо сабри кофӣ надоранд, ки ҳама чизро дақиқ тамошо кунанд. Вақте ки вебсайт бесарусомон ва пур аз ҷузъиёт ба назар мерасад, он диққати корбаронро аз пайдо кардани он чизе, ки меҷӯянд, парешон месозад.
Фазои холӣ бояд барои роҳнамоии бинанда дар саҳифа кӯмак кунад. Камтар будани унсурҳое, ки барои таваҷҷӯҳ рақобат мекунанд, ҳамроҳ бо истифодаи дурусти фазои холӣ метавонад парешониҳоеро, ки ҳаракати меҳмононро суст мекунанд, пешгирӣ кунад.

Сабаби №3: Таваҷҷӯҳро ба унсурҳои дуруст равона мекунад
Фазои холӣ метавонад ба корбарон ишораҳои визуалӣ диҳад, ки онҳо ба куҷо бояд назар кунанд. Вақте ки ба таври дуруст истифода мешавад, фазои холӣ барои таъкид кардани иттилоот ва ҷалби таваҷҷӯҳ ба қисми муайяни вебсайти шумо кӯмак мерасонад.
Дар хотир доред, агар ҳама чиз барҷаста бошад, ҳеҷ чиз фарқ намекунад.

Сабаби №4: Таассуроти аввалин муҳим аст
Намуди зоҳирӣ ва эҳсоси вебсайт калиди асосии таассуроти аввалини хуб аст. Таассуроти аввалини хуб аксар вақт ба дарозтар мондани корбар дар сайт оварда мерасонад. Фазои холии хеле кам метавонад вебсайти шуморо арзон ва беэътимод нишон диҳад. Меҳмонон наметавонанд ба сайт ё бренд бовар кунанд, магар ин ки он ҷолиб ба назар расад. Доштани миқдори хуби фазои холӣ ба эҷоди оҳанги дуруст барои вебсайти шумо кӯмак мекунад. Фазои холӣ метавонад роҳи ифодаи навоварӣ, тозагӣ ва баъзан зебоии нафис бошад.
Маслиҳат: Инҷо як фикре ҳаст дар бораи он ки чӣ гуна тарроҳии веби худро содда ва ошно.

Сабаби №5: Ба эҷоди фазои нафаскашӣ ва мувозинат мусоидат мекунад
Тарроҳии мутавозин маънои симметрӣ буданро надорад. Як унсури калони тарроҳиро метавон бо якчанд унсурҳои хурдтар мутавозин кард. Илова кардани фазои холӣ роҳи олиҷаноби мувозинат кардани унсурҳои андозаашон гуногун дар саҳифаи шумост. Равоние эҷод кунед, ки чашмони корбарон ба ҳар сӯ надаванд. Тарроҳии хуб бояд тавонад корбарро аз як нуқта ба нуқтаи дигар бе саргум кардани меҳмон роҳнамоӣ кунад.
Хулоса
Дафъаи дигар, вақте ки шумо ба ягон вебсайт ворид мешавед ва муддате дар он мемонед, фикр кунед, ки чӣ шуморо водор сохт, ки бимонед ва бихонед. Оё фикр мекунед, ки фосилаи байни сатрҳо хондани мақоларо осонтар мекунад? Оё таҷрибаи корбарӣ шуморо водор мекунад, ки боз бар гардед? Оё дар ҷустуҷӯи меню ва навигатсия душворӣ кашидед?
Истифодаи хуби фазои холиро дар вебсайт ба назар гиред. Агар шумо фикр кунед, ки он метавонад дар вебсайти шумо низ муфид бошад, омӯзед, ки чӣ тавр бояд миқдори фазоро барои унсури худ ҷудо кунед ва идора намоед, то он даме ки фикр мекунед, ки шумо оҳанги дуруст ва хониши хубро бе талаф додани “равонӣ”-е, ки барои вебсайти худ мехоҳед, интиқол додаед.
Ҳадафи ниҳоии ҳама гуна вебсайт ин муошират аст. Ҷолибияти визуалӣ бо муваффақияти вебсайти шумо пайваста паҳлӯ ба паҳлӯ меравад.